ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ ВА АМРҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ

Январь 21, 2010 07:22

                  Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷурахонов Саидхон ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҳмонов Лолахон Футурович ба вазифаи Директори Агентии таъмини амволи махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, Шафиев Исмоил бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Директори Агентии таъмини амволи махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.                   Ҳамчунин бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқов Абдураҳим Ғафорович аз вазифаи сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, ба вазифаи мудири Шўъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.                    Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Искандар Салихович аз вазифаи машваратчии Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.                     Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Январь 21, 2010 07:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад