ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ ВА АМРҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷурахонов Саидхон ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҳмонов Лолахон Футурович ба вазифаи Директори Агентии таъмини амволи махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, Шафиев Исмоил бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Директори Агентии таъмини амволи махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Ҳамчунин бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқов Абдураҳим Ғафорович аз вазифаи сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, ба вазифаи мудири Шўъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Искандар Салихович аз вазифаи машваратчии Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






