ҚАРЗҲОИ ИМТИЁЗНОК БА ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОН

Январь 16, 2010 12:26

                    Мӯъминобод, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Нафақапулиҳо то моҳи декабр пардохт гардид,- гуфт мудири шӯъбаи бонки амонатгузории № 63 — ноҳияи Мӯъминобод Баҳром Раҷабов ва афзуд, ки дар ноҳия шумораи нафақагирон 5143 нафарро ташкил дода талаботи якмоҳаи онҳо 490 000 сомониро дар бар мегирад. Ба гуфтаи ин манбаъ дар 6 ҷамоатҳои деҳот нуқтаҳои оҷонсӣ ташкил гардидааст. Мавриди зикр аст, ки барои тараққӣ дадани соҳаи боғкорӣ, чорводорӣ ва занбури асалпарварӣ бонки мазкур ба кишоварзон ва соҳибкорон ба маблағи 930 000 қарзи бонкӣ дод, ки фоизи солонаи он 0,6 %- ро ташкил намуда, барои тараққӣ додани ин соҳаҳо хело мусоидат менамояд. Инчунин дар ин давом ба 5 нафар омӯзгорони ҷавон ба маблағи 25 000 сомон қарзҳои имтиёзноки 3 -сола пардохт гардидааст. Айни ҳол аз тарафи бонк дар 6 ҷамоати деҳот: Шаҳрак, Боғгаӣ, Балхобӣ, Туту, Кулчашма ва Деҳибаланд фӯруши саҳмияҳо ба роҳ монда шудааст. Мардуми ноҳияи Мӯъминобод муроҷиатномаи сарвари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, аз 6 нуқтаҳои оҷонсӣ саҳмия харидорӣ намуда истодаанд- афзуд Баҳром Раҷабов.

Январь 16, 2010 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд