ҚАРЗИ НАВБАТИИ БОНКИ РУШДИ ОСИЁ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макото Оҷиро ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бонки мазкур соли 2010 ба Тоҷикистон ба маблағи 74 миллион доллари ИМА қарз хоҳад дод. Аз ин маблағ 40 миллион барои пешрафти соҳаи энергетика ва 34 миллион барои беҳтар сохтани сектори хусусӣ сарф карда мешавад. М.Оҷиро дар бораи кӯмакҳои бонк ба Тоҷикистон сухан ронда, зикр намуд, ки маблағҳои ҷудонамудаи он соли 2010 барои иҷрои 30 барномаи гуногун масраф карда хоҳад шуд. Маблағи иҷрои ҳамаи ин барномаҳо 445 миллион доллари ИМА – ро ташкил медиҳад. Қайд карда шуд, ки Бонки рушди Осиё барои Тоҷикистон дар давоми ду соли оянда 176 миллион доллари ИМА ҷудо хоҳад кард.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






