ҚАРЗИ НАВБАТИИ БОНКИ РУШДИ ОСИЁ БА ТОҶИКИСТОН

Январь 20, 2010 09:49

                  Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Намояндаи доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макото Оҷиро ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки бонки мазкур соли 2010 ба Тоҷикистон ба маблағи 74 миллион доллари ИМА қарз хоҳад дод. Аз ин маблағ 40 миллион барои пешрафти соҳаи энергетика ва 34 миллион барои беҳтар сохтани сектори хусусӣ сарф карда мешавад.                   М.Оҷиро дар бораи кӯмакҳои бонк ба Тоҷикистон сухан ронда, зикр намуд, ки маблағҳои ҷудонамудаи он соли 2010 барои иҷрои 30 барномаи гуногун масраф карда хоҳад шуд. Маблағи иҷрои ҳамаи ин барномаҳо 445 миллион доллари ИМА – ро ташкил медиҳад.                    Қайд карда шуд, ки Бонки рушди Осиё барои Тоҷикистон дар давоми ду соли оянда 176 миллион доллари ИМА ҷудо хоҳад кард. 

Январь 20, 2010 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид