ҚУРБОНИЁНИ АВВАЛИН САДАМАҲОИ НАҚЛИЁТИИ СОЛИ 2010
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 1 то 4 январи соли равон дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 20 садамаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 8 нафар ба ҳалокат расида, 33 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд. Аз ҷумла, якуми январ соати 9.30 дар ноҳияи Ғончӣ ронандаи автомашинан «Мусо» Шарипов Расул ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди ҷамоати Овчи ба самти ноҳияи Ғончӣ азӯҳдаи идораи автомобил набаромада, ба чуқурии 36-метра чаппа мешавад, ки натиҷа 1 нафар мусофири дохили автомобил дар ҷои ҳодиса ҳалок мегардад. Ронанда ва 2 нафар мусофирони дигараш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ 6ардошта, дар беморхона бистарӣ мегарданд. Инчунин, дар ноҳияи Истаравшан 2,01.2010 соати 20.00 ронандаи aвтомашинаи тамғаи «Тико» Юнусов Бахтиёр ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошиннгарди Душанбе-Хуҷанд дар 231-км аз ӯҳдаи идораи автомобил набаромада, ба автомобили «ВАЗ-2106» таҳти идораи ронанда Адилов Комилҷон қарор дошт бар мехурад. Дар натиҷа ронандаи автомобили «Тико» ва 3 нафар мусофиронаш, инчунин 1 нафар мусофири автомобили «ВАЗ-2106» дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи автомобили «ВАЗ-2106» ва 3 нафар мусофиронаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар 6еморхона 6истарӣ мегарданд. 3.01.2010 соати 18.00 ронандаи автомашинаи тамған номаълум ҳангоми харакат бо кӯчаи Ҳамадонии шаҳри Душанбе пиёдагардон Муҳаббатов Муҳиддин с.т 1991 ва Нематов Зардакшо с.т 1991-ро зер намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад, ки дар натиҷа пиёдагардон ба беморхона мурочиат мекунанд. Оиди дастгир намудани ронанда кофтуков идома дорад. Ҳамчунон, 4.01.2010 соати 12.00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Дайво-Нексия» Исматуллоев Пираҳмад ҳангоми харакат дар кӯчаи Айнии пойтахт пиёдагарди ноболиғ Қарчиев Ромиш с.т 1997-ро зада аз пой меафтонад. Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз РБДА ВКД ҶТ иттилоъ доданд.








Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд






