ҲАМКОРИҲОИ НАВИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Январь 12, 2010 09:56

                  Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ҳамкориҳои нав бо Ҷумҳурии Мардумии Чин шартномаеро ба имзо расонид, ки тибқи он аз соли 2010 сар карда, мутахассисони чинӣ ба мумфаршкунии роҳҳои чор ноҳия дар вилояти Суғд шурӯъ мекунанд, ки он арзиши 15 млн. доллари амрикоиро дорад. Тибқи шартнома, Ҷумҳурии Мардумии Чин бо арзиши 15 млн. доллари амрикоӣ дар соҳили рости дарёи Сир мардуми шаҳри Хуҷандро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин хоҳад кард. Ҳамчунин дар асоси шартномаи мазкур ба маблағи 3 миллион доллари амрикоӣ автобусҳои чинӣ харидорӣ мегарданд.                   Бино ба гуфти муовини раиси шаҳри Хуҷанд Домулло Ҷабборов, маблағи шартнома беш аз 33 млн. доллари амрикоӣ буда, аз қарзҳои дарозмӯҳлат дар ин вилояти ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Январь 12, 2010 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд