ҶАЛБИ ШАҲРВАНДОН БА СУҒУРТА ЗИЁД МЕГАРДАД
Кӯлоб, 11 январ (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар шаҳри Кӯлоб ҷалби шаҳрвандон ба суғуртаи ихтиёрӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардид, — гуфт ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шӯъбаи суғуртаи шаҳри Кӯлоб Хуршед Довудов. «Дар давоми як сол аз рӯи 6 намуди суғуртаи ҳатмӣ ва 6 намуд суғуртаи ихтиёрӣ ба суратҳисоби шӯъба маблағи 377221 сомонӣ ворид гардидааст. Мувофиқи шартномаи басташуда аз рӯи 10456 сомонӣ суғуртаи ҳатмӣ ва 3305 сомонӣ суғуртаи ихтиёрӣ амалӣ гардида, дар ин муддат ба 156 нафар осебдидагони офатҳои табиӣ ба маблағи 47 324 сомонӣ ёрии амалӣ расонида шудааст», — қайд кард Х.Довудов. Мавриди зикр аст, ки шӯъбаи суғурта 51 ҳолати садамаҳои автомобилиро ба қайд гирифта, ба зарардидагон ба маблағи 76 597 сомонӣ ҳақгузорӣ намуд. Айни ҳол, шартнома байни ташкилоту муассиса ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ идома дошта, дар ин самт роҳбарони шӯъбаи маориф ва шабакаҳои барқии ш. Кӯлоб беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Бояд гуфт, ки ҳамкорӣ кардан ба шӯъбаи суғурта аҳамияти ҷиддӣ дошта, дар ҳолати рух додани офати табиӣ аз тарафи шӯъба зарардидагон дастгирӣ меёбанд, — гуфт дар хотима Х.Довудов.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






