ҶАЛБИ ШАҲРВАНДОН БА СУҒУРТА ЗИЁД МЕГАРДАД

Январь 11, 2010 17:11

                  Кӯлоб, 11 январ (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар шаҳри Кӯлоб ҷалби шаҳрвандон ба суғуртаи ихтиёрӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардид, — гуфт ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шӯъбаи суғуртаи шаҳри Кӯлоб Хуршед Довудов.                   «Дар давоми як сол аз рӯи 6 намуди суғуртаи ҳатмӣ ва 6 намуд суғуртаи ихтиёрӣ ба суратҳисоби шӯъба маблағи 377221 сомонӣ ворид гардидааст. Мувофиқи шартномаи басташуда аз рӯи 10456 сомонӣ суғуртаи ҳатмӣ ва 3305 сомонӣ суғуртаи ихтиёрӣ амалӣ гардида, дар ин муддат ба 156 нафар осебдидагони офатҳои табиӣ ба маблағи 47 324 сомонӣ ёрии амалӣ расонида шудааст», — қайд кард Х.Довудов.                      Мавриди зикр аст, ки шӯъбаи суғурта 51 ҳолати садамаҳои автомобилиро ба қайд гирифта, ба зарардидагон ба маблағи 76 597 сомонӣ ҳақгузорӣ намуд. Айни ҳол, шартнома байни ташкилоту муассиса ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ идома дошта, дар ин самт роҳбарони шӯъбаи маориф ва шабакаҳои барқии ш. Кӯлоб беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Бояд гуфт, ки ҳамкорӣ кардан ба шӯъбаи суғурта аҳамияти ҷиддӣ дошта, дар ҳолати рух додани офати табиӣ аз тарафи шӯъба зарардидагон дастгирӣ меёбанд, — гуфт дар хотима Х.Довудов. 

Январь 11, 2010 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид