Ҷ. ДАВЛАТОВ: «САТҲИ САНЪАТИ СУХАНВАРИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ ПАСТ АСТ»
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Санъати суханварии баъзе хизматчиёни давлатӣ, дар ҳақиқат ҳам, дар сатҳи паст қарор дорад. Бо ин сабаб, дар аксари вақт онҳо аз додани мусоҳиба ба намояндагони ВАО, бо баҳонаҳои мухталиф, худдорӣ менамоянд ва аз ин проблема мо хеле хуб огоҳ ҳастем», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 12 январ, сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов. Ӯ афзуд, ки дар давоми соли 2009, дар Донишгоҳи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, дар соҳаҳои мухталиф, 1 ҳазору 863 нафар хизматчиёни давлатӣ аз курсҳои азнавтайёркунии касбӣ ва такмили ихтисос гузаштанд, ки нисбат ба соли 2008-ум 250 нафар зиёд мебошанд. Соли 2010 мо тасмим гирифтаем, ки дар самти баланд бардоштани сатҳи санъати суханварии хизматчиёни давлатӣ корҳои мушаххас, бахусус ташкили курсҳои бозомӯзии санъати суханвариро роҳандозӣ кунем. Ин метавонад, то андозае ба баланд шудани сатҳи суханварии хизматчиёни давлатӣ мусоидат кунад. Гуфтанист, ки дар давоми соли 2009 барои ишғоли 2 ҳазору 536 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон шуда, ба 2 ҳазору 20 мансаби холӣ бо иштироки 2 ҳазору 948 нафар довталабон ба ишғоли мансабҳои холии маъмурии мансабҳои давлатӣ тавсия дода шуданд. 1 ҳазору 169 нафар довталабон бошанд, бо сабаби надоштани дониши кофӣ ва ҷавобгӯй набудан ба талаботҳои Низомномаи озмун ва Дастурамали талаботҳои тахассусӣ, аз озмун нагузаштанд.