Ҷ. ДАВЛАТОВ: «САТҲИ САНЪАТИ СУХАНВАРИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ ПАСТ АСТ»

Январь 12, 2010 14:46

                   Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Санъати суханварии баъзе хизматчиёни давлатӣ, дар ҳақиқат ҳам, дар сатҳи паст қарор дорад. Бо ин сабаб, дар аксари вақт онҳо аз додани мусоҳиба ба намояндагони ВАО, бо баҳонаҳои мухталиф, худдорӣ менамоянд ва аз ин проблема мо хеле хуб огоҳ ҳастем», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 12 январ, сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов.                     Ӯ афзуд, ки дар давоми соли 2009, дар Донишгоҳи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, дар соҳаҳои мухталиф, 1 ҳазору 863 нафар хизматчиёни давлатӣ аз курсҳои азнавтайёркунии касбӣ ва такмили ихтисос гузаштанд, ки нисбат ба соли 2008-ум 250 нафар зиёд мебошанд. Соли 2010 мо тасмим гирифтаем, ки дар самти баланд бардоштани сатҳи санъати суханварии хизматчиёни давлатӣ корҳои мушаххас, бахусус ташкили курсҳои бозомӯзии санъати суханвариро роҳандозӣ кунем. Ин метавонад, то андозае ба баланд шудани сатҳи суханварии хизматчиёни давлатӣ мусоидат кунад.                      Гуфтанист, ки дар давоми соли 2009 барои ишғоли 2 ҳазору 536 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон шуда, ба 2 ҳазору 20 мансаби холӣ бо иштироки 2 ҳазору 948 нафар довталабон ба ишғоли мансабҳои холии маъмурии мансабҳои давлатӣ тавсия дода шуданд. 1 ҳазору 169 нафар довталабон бошанд, бо сабаби надоштани дониши кофӣ ва ҷавобгӯй набудан ба талаботҳои Низомномаи озмун ва Дастурамали талаботҳои тахассусӣ, аз озмун нагузаштанд. 

Январь 12, 2010 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад