153 МЛН. СОМОНӢP ЗАРАР МУАЙЯН КАРДА ШУД
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуотии прокуратураи генаралӣ, соли 2009 чун соли муваффақиятҳои касбӣ барои кормандони соҳа дониста шуд. Дар натиҷаи гузаронидани 6181 санҷишхои прокурорӣ 153 млн. сомонӣ зарари аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва инфиродӣ ба давлат расонидашуда муайян карда шудааст. Дар айни ҳол 89 млн. зарари расонидашуда ба буҷаи ҷумҳурӣ баргардонида шуд. Бино ба иттилои ҳамин манба, соли 2009 беш аз 12 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2008 6,8 фоиз зиёд аст. Шумораи ҷиноятҳо вобаста ба куштор (131 ҳодиса), ҷиноятҳо бо истифода аз яроқи оташфишон (57 ҳодиса) ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир (670 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2010 корҳои пешгирии ҷиноятҳо ба нақшаи кории кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура дохил карда мешавад, ки ин боиси кам шудани ҷинояткорӣ дар соли 2010 хоҳад шуд,- иброз дошт прокурори генералӣ Бобоҷон Бобохонов.








ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад






