34 НАФАР ШАХСОНИ МАНСАБДОР ҶИНОЯТ СОДИР КАРДАНД

Январь 19, 2010 10:05

                    Бадахшон, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Рӯзи 18 январ дар толори Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ бо иштироки кормандони Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ВМКБ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Тавре садри раёсат Юсуф Назаршоев иттилоъ дод, дар 131 идораю муассиса тафтишот гузаронида шуд, ки нисбат ба соли 2008 15 адад зиёд аст. Дар натиҷаи тафтишот 2 миллиону 276 941 сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид. Маблағи рӯйпушшуда 76,6 фоиз ба буҷа дохил гардид.Самти афзалиятноки Раёсат ин пешгирии коррупсия ба ҳисоб меравад. Дар ин самт 77 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, 6 нафар аз кор озод шуданд. Бар асари таҳлил ва омӯзиши ҳодисоти ҷиноятҳои иқтисодӣ дар қаламрави вилоят 40 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2008 11 адад зиёд мебошад. Аз 40 ҷиноят 34-тои он хусусияти коррупсионӣ дошта, аз 2 миллиону 981 ҳазору 365 сомонӣ зарар 2 миллиону 650 ҳазор сомонӣ ҷуброн карда шудааст.

Январь 19, 2010 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд