417 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Барои беҳтар кардани вазъи муҳити зист ва барқарор кардани зарарҳои ба табиат расонидаи корхонаю идора, вазорату муассисаҳо зиёда аз 21 ҳазор супоришҳои иҷроишашон ҳатмӣ дода шуд, ки 71 фоизи онҳо иҷро гардид ,- иброз дошт раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хурсандмурод Зикиров зимни пешниходи савол, ба мухбири АМИТ «Ховар». Барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои экологӣ ба 6193 нафар шахсони ҳуқуқию воқеӣ ҳуҷҷатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз онҳо ба маблағи 417,1 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Ба замми ин, зарари ба табиат расонидаи 1945 нафар шахсони ҳуқуқию воқеӣ, ки 108,1 ҳазор сомониро ташкил додааст, пурра рӯёнида шудааст. Кумита дар доираи салоҳияти худ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 61 маводро дар ҳаҷми 1 млн. 185 ҳазор сомонӣ пешниҳод намуд, ки маблағи зарар дар ҳаҷми 224,7 ҳазор сомонӣ ситонида шудааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






