46 ФОИЗИ МУРОҶИАТКУНАНДАҲО БО КОР ТАЪМИН ШУДАНД

Январь 18, 2010 12:32

                   Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, дар моҳи декабри соли 2009 дар Хадамоти шуғли аҳолӣ беш аз 60 ҳазор нафар корҷӯён ба қайд гирифта шуда буд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 -0,5 фоиз ва нисбат ба моҳи ноябри соли 2009 – 0,1 фоиз камтар аст.                   Дар моҳи декабри соли 2009 беш аз 5 ҳазор нафар корҷӯён дар Хадамоти шуғли аҳолӣ номнавис шуда буданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 24,6 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра 2,4 ҳазор нафар бекорон ба кор таъмин шуданд, ки он 47,6 фоизи корҷӯёнро ташкил дод.                     Шумораи ҷойҳои холии кор дар корхонаҳое, ки ба Хадамоти шугли аҳолӣ муроҷиат карда буданд, дар моҳи декабри соли 2009 – 13,8 фоиз кам шуд.

Январь 18, 2010 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд