6 МЛРД. 262 МЛН. СОМОНӢ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ

Январь 27, 2010 11:46

                  Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Новобаста ба он ки дар моҳҳои январ – декабри соли 2009 беш аз 6 млрд. 262 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 93,7 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ташкил медиҳад, — иброз доштанд дар Вазорати энергетика ва саноат.                     Бино ба иттилои масъулини вазорати мазкур, ҳаҷми маҳсулоти ба фурӯш баровардаи корхонаҳои саноатӣ дар моҳои январ – декабри соли 2009 — 4 млрд. 75 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин баробари 96,9 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда мебошад.                     Дар давоми соли 2009 аз ҳама бештар маҳсулоти саноати озуқаворӣ (1140487 ҳазор сомонӣ), электроэнергетика – (870931), металлургӣ (951516), саноати сабук – (364479), саноати масолеҳи сохтмон (342093) ва истеҳсоли маҳсулоти саноати мошинсозӣ ва фулузот 157157 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.

Январь 27, 2010 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд