6 МЛРД. 262 МЛН. СОМОНӢ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Новобаста ба он ки дар моҳҳои январ – декабри соли 2009 беш аз 6 млрд. 262 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 93,7 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ташкил медиҳад, — иброз доштанд дар Вазорати энергетика ва саноат. Бино ба иттилои масъулини вазорати мазкур, ҳаҷми маҳсулоти ба фурӯш баровардаи корхонаҳои саноатӣ дар моҳои январ – декабри соли 2009 — 4 млрд. 75 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин баробари 96,9 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда мебошад. Дар давоми соли 2009 аз ҳама бештар маҳсулоти саноати озуқаворӣ (1140487 ҳазор сомонӣ), электроэнергетика – (870931), металлургӣ (951516), саноати сабук – (364479), саноати масолеҳи сохтмон (342093) ва истеҳсоли маҳсулоти саноати мошинсозӣ ва фулузот 157157 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






