А.МИРХОҶА: «НИГОҲИ «НИГОҲ» БОЯД БЕҒУБОР БОШАД…»

Январь 20, 2010 14:49

                 Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов) — Имрӯз дар бинои маъмурии Роҳи оҳани тоҷик барои хабарнигорони расонаҳои хабарӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти яксолаи корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани тоҷик нишасти матбуотӣ баргузор гардид.                  Ба суоли хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж»: «Ба назарпурсии ҳафтаномаи «Нигоҳ», дар бораи вазирону роҳбарони муваффақу ғайри муваффақи Ҳукумати Тоҷикистон Шумо чӣ гуна баҳо медиҳед?», раиси корхонаи Роҳи оҳани тоҷик Амонулло Ҳукумов ҷавоб дод, ки «Соли 2002 вақте, ки маро раиси ин корхона таъин карданд, Роҳи оҳани тоҷик дар ҳаҷми 100 миллион доллари ИМА, аз ҷумла аз идораҳои Роҳи оҳани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия қарздор буд, коргарону кормандон муддати 8 моҳ маош нагирифта буданд, корхона дар марзи муфлисшавӣ қарор дошта имконияти пурра ба ғорат рафтани он мавҷуд буд. Мо тавонистем, ки дар муддати се сол ҳамаи қарзҳои мавҷударо бо фоизҳояш баргардонем. Даромади софи корхона дар соли 2009 75 миллион сомониро ташкил дод, гузашта аз ин ҳоло дигар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои истеҳсоливу саноатии ватаниву хориҷӣ дар ҳаҷми 100 миллион доллари ИМА аз корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани тоҷик қарздоранд, чунончӣ Роҳи оҳани Русия 32 мил доллар, роҳи оҳани Ӯзбекистон 6,6 мил доллар аз мо қарздор мебошанд. Айни ҳол, ягон корхонаву муассиса мисли роҳи оҳани Тоҷикистон корхонаи даромаднок ва беқарз намебошад». Вобаста ба саволи дар боло зикршуда, ҳамчунин корманди маркази матбуоти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи мамлакат Ато Мирхоҷа баромад карда дар ҳузури рӯзноманигорон изҳор кард, ки «Нигоҳи «Нигох» бояд тоза ва беғубор бошад».                  Ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар»: «Сохтмони роҳи оҳан миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба воситаи минтақаи Рашт дар кадом ҳолат қарор дорад?», ҷавоб дода шуд, ки «Сохтмони ин роҳ танҳо дар нақша мебошад ва ҳоло ягон гуна корҳо дар ин самт бурда нашудаанд». Ҳамчунин, ба суоли дигар оид ба фаъолияти Роҳи оҳани Кӯлоб, дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки Роҳи оҳани самти Кӯлоб ва вокзали ин шаҳр камтар аз 10 фоизи имкониятҳои худро истифода мебаранду тамом. Танҳо дар сурати пурра кушода шудани шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-сарҳади Чин корхонаи роҳи оҳан дар шаҳри Кӯлоб метавонад даромадҳои калони моливу пулӣ ба даст орад.                   Дар нишасти матбуотӣ доир ба ҳаҷми борҳои интиқолшуда ба воситаи роҳи оҳани кишварҳои ҳамсоя ва ҳамлу нақли борҳои онҳо ба воситаи роҳи оҳани Тоҷикистон, зарар ва манфиати ҷонибҳо аз интиқоли борҳои транзитӣ, сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон, мушкилоти мавҷуда, роҳҳои ҳалли онҳо, имконияти сохтани корхонаи истеҳсоли вагонҳои қатора ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.

Январь 20, 2010 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд