А. ЮСУПОВ: «ПАРВАНДАҲОИ ҶИНОЯТИИ БАРРАСИШУДА ТАМОЮЛИ ЗИЁДШАВӢ ДОШТАНД»
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ ва дигар асноди ҳуқуқӣ фаъолияташро ба роҳ монда, дар давоми соли 2009 ба ҳайси суди марҳилаи якум 72 парвандаи ҷиноятӣ аз рӯйи айбдории 188 нафар баррасӣ ва аз ин ҳисоб 69 парванда нисбати 182 шахс бо баровардани ҳукми айбдоркунӣ ҳалу фасл намуда, 2 парвандаи ҷиноятӣ дар ҳаққи 5 нафар ба тафтишоти иловагӣ баргардонида, ба 1 нафар чораҳои маҷбуоии дорои хусусияти тиббидошта татбиқ кард», — иттилоъ дод зимни нишасти матбуотӣ 15 январи соли ҷорӣ, муовини аввали Суди Олӣ Анварҷон Юсупов. Ӯ тазаккур дод, ки аз 182 маҳкумшуда ба 180-тои онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, аз ҷумла ба 10 нафарашон ҳабси якумра таъин гардид. «Миқдори умумии парвандаҳои ҷиноятии баррасишуда тамоюли зиёдшавӣ дошта, дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба соли 2008 мутаносибан 8 адад парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба 92 шахс бештар мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд», — идома дод А. Юсупов. Мавриди зикр аст, ки миқдори парвандаҳои мушаххас оиди ҷиноятҳои махсусан вазнини одамкушӣ аз 21 то ба 31, қаллобӣ аз 4 то ба 5 ва ҷимноятҳои таҷовуз ба номус 1 парванда дар ҳаққи 1 нафар афзудааст. Гуфтанист, ки дар давоми соли 2009 дар марҳилаи якум 12 парвандаи гражданӣ ва дар марҳилаи кассатсионӣ 360 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 517 нафар, 468 парвандаи гражданӣ, 5 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






