АФЗОИШИ СОДИРОТИ МАҲСУЛОТ БА ХОРИҶИ КИШВАР
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — «Хаҷми умумии муомилоти чаканаи мол 114,3 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2008–ум 17,5 миллион сомонӣ зиёд аст», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 20 январ, раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев. Ӯ зикр намуд, ки ҳаҷми харид ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ 21,6 ҳазор тонна, аз ҷумла 15,6 ҳазор тонна картошкаю сабзавот захира гардид. Аз ҳисоби кишти такрорӣ дар соли 2009 зиёда аз 500 тонна маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки ин нишондиҳандаи қаноатманкунанда аст. Бояд гуфт, ки дар ин давра аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ба маблағи 74,8 миллион сомонӣ молу маҳсулот ворид гашт, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 — ум 17,1 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра ба маблағи 4511 тонна, аз ҷумла, сабзавот 2606 тонна, полезӣ 1347 тонна, лӯбиёгӣ 347 тонна ва меваи тару тоза 105 тонна содирот карда шуд.








Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






