АФЗОИШИ СОДИРОТИ МАҲСУЛОТ БА ХОРИҶИ КИШВАР

Январь 20, 2010 15:01

                Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — «Хаҷми умумии муомилоти чаканаи мол 114,3 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2008–ум 17,5 миллион сомонӣ зиёд аст», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 20 январ, раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев.                  Ӯ зикр намуд, ки ҳаҷми харид ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ 21,6 ҳазор тонна, аз ҷумла 15,6 ҳазор тонна картошкаю сабзавот захира гардид. Аз ҳисоби кишти такрорӣ дар соли 2009 зиёда аз 500 тонна маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки ин нишондиҳандаи қаноатманкунанда аст.                     Бояд гуфт, ки дар ин давра аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ба маблағи 74,8 миллион сомонӣ молу маҳсулот ворид гашт, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 — ум 17,1 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра ба маблағи 4511 тонна, аз ҷумла, сабзавот 2606 тонна, полезӣ 1347 тонна, лӯбиёгӣ 347 тонна ва меваи тару тоза 105 тонна содирот карда шуд.    

Январь 20, 2010 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид