АФЗОИШИ ЗАМИНҲОИ ПАРТОВ ДАР НОҲИЯҲОИ ШАҲРИТУСУ ФАРХОР
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки баҳри амалӣ шудани банди 99 – и Протоколи маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳолати мелиоративии заминҳои партов — (боир) дар ноҳияи Шаҳритус мавриди омӯзиш қарор ёфт. Санҷиши комиссияи таъсисшуда муайян кард, ки бо сабаби солҳои тӯлонӣ тоза накардани заҳбуру заҳкашҳо, дуруст амалӣ нашудани корҳои соҳилмустахкамкунӣ ва корношоям гаштани пойгоҳҳои обкашӣ масоҳати заминҳои партов дар ноҳияи Шаҳритус ба 2865,89 гектар расидааст. — Мутаассифона ин вазъият дар заминҳои обии хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор низ ҷой дорад. Шӯршавии заминҳо дар ин ноҳия боиси хушк шудани боғҳои мевадиҳанда гардидааст. Ташхиси оби каналҳои ин ноҳия нишон дод, ки шӯршавии заминҳо аз меъёри муқарраршуда – 1,9 ва сулфат дар таркиби хок – 1,5 маротиба зиёд мебошад,- иброз дошт раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хурсандмурод Зикиров ба мухбири АМИТ «Ховар».








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






