АНҶОМИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ СОХТМОНИ РОҲИ ШОҲОН-ЗИҒАР
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дар марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Шоҳон-Зиғар» 78 нафар ё 80 фоиз коргарони маҳаллӣ кор мекунанд, ки ин яке аз талабҳои асосии Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба лоиҳаҳои татбиқшавандаи ҷумҳурӣ мебошад. Роҳбари лоиҳаи мазкур Исмоил Шоқулов зикр намуд, ки мӯҳлати сохтмони марҳилаи дуюм мувофиқи нақша 22 моҳ муайян гардида, мувофиқи шартнома корҳои сохтмонӣ якуми декабри соли 2007 оғоз карда шуда, то январи соли 2010-ум 98 % корхои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст. То охири моҳи январи соли чорӣ анҷомёбии сохтмони роҳи мазкур дар назар аст. Гуфтанист, ки ҳаҷми корҳои сохтмонии лоиҳа асосан корҳои заминӣ ва таркишкорӣ, аз ҷумла сохтмони як адад пул (32 м), васл ва хобондани қубурҳои обгузару обпарто 20 адад, сохтмони деворҳои ҳимоявии роҳ, корҳои бетонӣ ва ғайраро дарбар мегирад. Дарозии роҳи сохташаванда 9,75 км ва паҳнои таҳкурсии роҳ 9 метр мебошад. Маврид ба ёдоварист, ки арзиши умумии ин лоиҳа 15,9 миллион доллари ИМА буда, 13,77 миллион доллари ИМА қарзи Бонки исломии рушд ва 2,13 миллион доллари ИМА ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






