АНҶУМАНИ НАВБАТИИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ТИББӢ
Маскав, 19 январ. (АМИТ «Ховар» — медэкпо.ру). — 18 январ дар Маскав дар мавзӯи роҳу усулҳои навтарини барқарор сохтани саломатӣ анҷумани чоруми байналхалқии кормандони соҳаи тиб кушода шуд. Ташкилкунандагони анҷуман вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Русия, Муассисаи давлатии федералии «Маркази илмии момодоягӣ, бемориҳои занона ва пешгирии бемориҳои модару кӯдаки ба номи В.И.Кулаков мебошанд. Дар анҷуман роҳбарону намояндагони вазоратҳои тандурустӣ, муассисаҳои тиббӣ, олимону коршиносон аз мамлакатҳои ИДМ, Аврупо ва ИМА иштирок доранд. Олимону мутахассисони марказҳои илмии тиббии Белгия, Фаронса, Қазоқистон, Италия, Испания, Белорусия, Туркия, Британияи Кабир, Олмон, Исроил, ИМА, Канада ва Украина дар бораи роҳу усулҳо ва технологияи навтарини барқарор сохтани саломатӣ маърӯзаҳо пешниҳод хоҳанд кард.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






