АЪЗОИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН МУАЙЯН ШУДАНД

Январь 30, 2010 11:48

Душанбе,  30 январ. (АМИТ «Ховар»,  Пайрав  Назаров). —  Сармураббии   дастаи  мунтахаби  миллии  Тоҷикистон  Пӯлод  Қодиров  ҳайати  нави  дастаи  мунтахаби  футболи  мамлакатро муайян  намуд.  Ба  дастаи  мунтахаби  футболи  ҷумҳурӣ  21   нафар  шомил  гардид.  Онҳо  дарвозабонон  Алишер  Додов  аз «Регар – Тадаз»,  Алишер Тӯйчиев  аз «Металлург» — и  Ӯзбекистон, муҳофизатгарон  Фарҳон  Восиев  аз «Сатурн» — и  Русия,  Наим  Носиров,  Даврон  Эргашев,  Фаррух Чориев аз «Регар – Тадаз», Эраҷ  Раҷабов,  Руслан  Таваккалов, Соҳиб Сувонқулов  аз  «Истиқлол», Асадулло  Нуруллоев аз  «Вахш», Исомиддин Қурбонов  аз  «Энергетик», нимҳимоятгарон Хуршед  Маҳмудов, Иброҳим  Рабимов  аз «Регар – Тадаз»,  Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод  Восиев, Алишер  Ӯлмасов  аз «Истиқлол»,  ҳуҷумкунандагон  Юсуф  Рабиев  аз «Истиқлол», Ҷомихон  Муҳиддинов,  Нӯъмон  Ҳакимов  аз «Вахш», Давронҷон  Тӯхтасунов ва  Комил  Саидов  аз «Регар —  Тадаз»  мебошанд. Пӯлод  Қодиров  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  дастаи  мунтахаби  футболи  Тоҷикистон  аз 16 то 27  феврал  дар  пойтахти  Шри – Ланка  —  шаҳри  Коломбо  дар  қувваозмоиҳои  хотимавии  мусобиқаи  футбол барои ба  даст  овардани  Ҷоми Конфедератсияи  футболи  Осиё  ширкат  меварзад.

Январь 30, 2010 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд