БӮҲРОНИ БЕТАЪСИР БА АНДОЗ
Душанбе, 4 январ. (МИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти пешакии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми моҳҳои январ – октябри соли ҷорӣ ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ 4347, 5 млн. сомонӣ ё 96,7 фоизи нақша ё нисбат ба Маҳсулоти Умумии Дохилӣ — (МУД) 26,6 фоизро ташкил додааст. Боиси тазаккур аст, ки воридоти андозҳо дар ин муддат 2887,1 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 –ум 166,6 млн. сомонӣ ё 6,1 фоиз зиёд шудааст. Ҳиссаи воридоти андозҳо дар ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ 66,4 фоиз ва нисбат ба нақшаи аниқшудаи ҳамин давра 95,4 фоиз иҷро гардидааст. Аз андозҳои асосӣ: андоз аз даромад ва андоз аз фоида нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 107,4 млн. сомонӣ зиёд иҷро гардид, аммо андоз аз арзиши иловашуда 73,1 млн. сомонӣ кам шудааст.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






