БА ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶТ ИЛОВАҲО ВОРИД КАРДА ШУД
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009 № 685» қабул гардид, ки тибқи он дар Тартиби ба муомилот баровардани саҳмияҳо ва Сертификатҳои саҳмияҳои Нерўгоҳи барқии обии Роғун иловаҳо ворид карда шудаанд. Мутобиқи иловаҳои мазкур, дар баробари «Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» бо шартҳои муқарраргардида инчунин ба дигар бонкҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла «Ориёнбонк», «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк», «Тоҷпромбонк», «Бонки Рушди Тоҷикистон», «Фононбонк» ва «Бонки Эсхата» ҳуқуқи ба фурўш баровардани саҳмияҳо ва Сертификатҳои саҳмияҳои Нерўгоҳи барқии обии Роғун дода шуд. Зиёд гардидани шумораи бонкҳои бо фурўши саҳмияҳо ва Сертификатҳои саҳмияҳои Нерўгоҳи барқии обии Роғун машғулбуда пеш аз ҳама имконият медиҳад, ки ба фурўши саҳмияҳо суръат бахшида шавад ва талаботи харидорон дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби зиёд шудани шумораи нуқтаҳои фурўш пурра қонеъ гардонида шавад.Ин амал ҳамчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мизоҷони бонкҳои номбаршуда мебошанд, барои бевосита дар бонки хизматрасонии худ харидорӣ намудани саҳмияҳо бо сарфаи вақту хароҷоти барасмиятдарорӣ шароити бештари мусоид фароҳам меоварад. Ҳамзамон, амали мазкур ба баланд бардоштани боварии мизоҷон ба бонкҳои хизматрасон мусоидат намуда, дар маҷмўъ устувории низоми бонкиро таъмин месозад. Дар баробари ин, бонкҳои мазкур ўҳдадор шудаанд, ки ҳифзи маблағҳои дар суратҳисоби махсус воридгардидаро кафолат дода, маблағгузориро аз ин суратҳисоб танҳо бо иҷозат ва супоришҳои пулии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт ва бемамоният дар мўҳлати 3 (се) рўзи тақвимӣ амалӣ намоянд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






