БА ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶТ ИЛОВАҲО ВОРИД КАРДА ШУД

Январь 13, 2010 08:47

                    Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2009 № 685» қабул гардид, ки тибқи он дар Тартиби ба муомилот баровардани саҳмияҳо ва Сертификатҳои саҳмияҳои Нерўгоҳи барқии обии Роғун иловаҳо ворид карда шудаанд.                      Мутобиқи иловаҳои мазкур, дар баробари «Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» бо шартҳои муқарраргардида инчунин ба дигар бонкҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла «Ориёнбонк», «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк», «Тоҷпромбонк», «Бонки Рушди Тоҷикистон», «Фононбонк» ва «Бонки Эсхата» ҳуқуқи ба фурўш баровардани саҳмияҳо ва Сертификатҳои саҳмияҳои Нерўгоҳи барқии обии Роғун дода шуд.                      Зиёд гардидани шумораи бонкҳои бо фурўши саҳмияҳо ва Сертификатҳои саҳмияҳои Нерўгоҳи барқии обии Роғун машғулбуда пеш аз ҳама имконият медиҳад, ки ба фурўши саҳмияҳо суръат бахшида шавад ва талаботи харидорон дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби зиёд шудани шумораи нуқтаҳои фурўш пурра қонеъ гардонида шавад.Ин амал ҳамчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мизоҷони бонкҳои номбаршуда мебошанд, барои бевосита дар бонки хизматрасонии худ харидорӣ намудани саҳмияҳо бо сарфаи вақту хароҷоти барасмиятдарорӣ шароити бештари мусоид фароҳам меоварад.  Ҳамзамон, амали мазкур ба баланд бардоштани боварии мизоҷон ба бонкҳои хизматрасон мусоидат намуда, дар маҷмўъ устувории низоми бонкиро таъмин месозад.                      Дар баробари ин, бонкҳои мазкур ўҳдадор шудаанд, ки ҳифзи маблағҳои дар суратҳисоби махсус воридгардидаро кафолат дода, маблағгузориро аз ин суратҳисоб танҳо бо иҷозат ва супоришҳои пулии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт ва бемамоният дар мўҳлати 3 (се) рўзи тақвимӣ амалӣ намоянд.

Январь 13, 2010 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад