БЕМОРИИ СИЛ ПЕШГИРӢ МЕШАВАД
Фархор, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Дар ноҳияи Фархор бемории сироятии сил пешгирӣ меёбад, гуфт сардухтури маркази бемориҳои зидди сили ноҳия Ҳазратқул Кавгов ва афзуд, ки айни ҳол, дар беморхона 107 нафар муолиҷа гирифта истодаанд, ки аксари онҳо бори аввал ба ин сироят дучор гардидаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ 42 бемор аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ, 2 бемор аз ҳисоби шахсони маҳбасгардида ба қайд гирифта шудааст. Шумораи беморон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 нафар афзуда бошад ҳам, бо дастгирии ҳукумати ноҳия ин беморӣ пешгирӣ меёбад, чунки дар давоми як сол аз тарафи ҳукумати ноҳия маблағи 111794 сомонӣ ҷудо гардид, ки ин маблағ барои фароҳам овардани шароити табобати беморон мусоидат намуд. Мавриди зикр аст, ки дар ин самт барномаи ғайридавлатии ДОТС низ саҳмгузорӣ намуда, беморонро бо маводҳои доруворӣ таъмин месозад. Маркази бемориҳои зидди сили ноҳия ба давраи зимистонгузаронӣ омодагии хуб дошта, беморон ба ангишт, ҳезум ва дигар маводи сухт таъмин мебошанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






