БОЛОРАВИИ НУФУЗИ ТЕАТРҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Январь 21, 2010 10:07

                    Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Робитаҳои байналхалқии театрҳои Тоҷикистон торафт густариш ёфта, нуфузи онҳо дар арсаи байналмилалӣ сол то сол боло меравад, — гуфт дар сӯҳбат бо мухбари АМИТ «Ховар» вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ. Вай илова намуд, ки дар давоми соли 2009 Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов дар Фестивали байналмилалии театрии «Фаҷр»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон сазовори «Шоҳҷоиза» ва мукофоти «Беҳтарин нақши мардона» гардид, ки бевосита аз гуфтаҳо боло шаҳодат медиҳад.                      Вазир тазаккур дод, ки яке аз театрҳои фаъоли ҷумҳурӣ – Театри давлатии драмаи русии ба номи Вл.Маяковский дар Фестивали байналмилалии театрҳои русӣ таҳти унвони «Вохўриҳо дар Россия» дар ш. Санкт-Петербург бо намоишномаи «Нидо»-и Б.Абдураззоқов сазовори ҷоизаи ба номи Кирилл Лавров, дар Фестивали байналхалқии ба номи А.П. Чехов дар ш. Москва бо намоишномаи «Рустам ва Сўҳроб» ва дар Фестивали театрии «Белая Вежа»-и Ҷумҳурии Белорус ҷоизаи беҳтарин ансамбли актёриро сазовор шуд.                      Мавриди ёдоварист, ки дар давоми соли 2009 дар саҳнаҳои театрҳои касбии мамлакат, аз ҷумла Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ 6 асар, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ 5 асар, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов 5 асар, Театри давлатии драмаи русии ба номи Вл.Маяковский 4 асар, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонови шаҳри Қўрғонтеппа 5 асар, Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии Данғара 4 асар ва театрҳои мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандӣ ва С.Вализода 3 асарӣ аз ҷониби режиссёрони маъруф таҳия гардиданд.                         «Бо ҳадафи ғанӣ гардондани хазинаи асарҳо Вазорати фарҳанг 25 пйесаи нав, ба маблағи умумии 53462 сомонӣ ва 33 асари гуногунжанри мусиқиро ба маблағи 53510 сомонӣ харидорӣ намуд, ки театрҳо ва муассисаҳои консертию ҳунарӣ аз онҳо озодона мувофиқи завқи худ истифода бурда метавонанд», — гуфт дар фарҷоми сӯҳбат М. Асрорӣ. 

Январь 21, 2010 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд