БОЛОРАВИИ НУФУЗИ ТЕАТРҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Робитаҳои байналхалқии театрҳои Тоҷикистон торафт густариш ёфта, нуфузи онҳо дар арсаи байналмилалӣ сол то сол боло меравад, — гуфт дар сӯҳбат бо мухбари АМИТ «Ховар» вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ. Вай илова намуд, ки дар давоми соли 2009 Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов дар Фестивали байналмилалии театрии «Фаҷр»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон сазовори «Шоҳҷоиза» ва мукофоти «Беҳтарин нақши мардона» гардид, ки бевосита аз гуфтаҳо боло шаҳодат медиҳад. Вазир тазаккур дод, ки яке аз театрҳои фаъоли ҷумҳурӣ – Театри давлатии драмаи русии ба номи Вл.Маяковский дар Фестивали байналмилалии театрҳои русӣ таҳти унвони «Вохўриҳо дар Россия» дар ш. Санкт-Петербург бо намоишномаи «Нидо»-и Б.Абдураззоқов сазовори ҷоизаи ба номи Кирилл Лавров, дар Фестивали байналхалқии ба номи А.П. Чехов дар ш. Москва бо намоишномаи «Рустам ва Сўҳроб» ва дар Фестивали театрии «Белая Вежа»-и Ҷумҳурии Белорус ҷоизаи беҳтарин ансамбли актёриро сазовор шуд. Мавриди ёдоварист, ки дар давоми соли 2009 дар саҳнаҳои театрҳои касбии мамлакат, аз ҷумла Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ 6 асар, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ 5 асар, Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов 5 асар, Театри давлатии драмаи русии ба номи Вл.Маяковский 4 асар, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонови шаҳри Қўрғонтеппа 5 асар, Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии Данғара 4 асар ва театрҳои мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандӣ ва С.Вализода 3 асарӣ аз ҷониби режиссёрони маъруф таҳия гардиданд. «Бо ҳадафи ғанӣ гардондани хазинаи асарҳо Вазорати фарҳанг 25 пйесаи нав, ба маблағи умумии 53462 сомонӣ ва 33 асари гуногунжанри мусиқиро ба маблағи 53510 сомонӣ харидорӣ намуд, ки театрҳо ва муассисаҳои консертию ҳунарӣ аз онҳо озодона мувофиқи завқи худ истифода бурда метавонанд», — гуфт дар фарҷоми сӯҳбат М. Асрорӣ.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад






