CАЙДАЛИЕВ БА ДАСТ АФТОД
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз шӯъбаи пешгирии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ба Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон шаҳрванд «Ш» бо ариза дар бораи талаби ғайриқонунии директори омӯзишгоҳи касбӣ — техники рақами 23 – и ноҳияи Шаҳритус Шодибек Сайдалиев оид ба ивази 500 сомонӣ додани шаҳодатномаи ронандагӣ дараҷаи «В . С» қабул карда шуда, гурӯҳи оперативӣ — ҷустуҷӯиро барои санҷиши аризаи мазкур омода сохтанд. 13 – уми ноябри соли 2009 гурӯҳи оперативӣ — ҷустуҷӯӣ вориди омӯзишгоҳи номбурда гардида, директории омӯзишгоҳро ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 500 сомонӣ дастгир намуданд ва ҳамчун далели шайъӣ аз кисаи шими ӯ ин маблағ гирифта шуд. Дар ҳаракатҳои Ш. Сайдалиев аломатҳои ҷиноятии дар моддаҳои 32 қ.3 (ҷинояти нотамом ва хотимаёфта) ва 319 қ .1 — (гирифтани пора) – и КҶҶТ пешбинишуда, дида мешавад. Кормандони Агентӣ ин қазияро тафтиш мебаранд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






