ЧАРО ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ КАМ ГАРДИД?

Январь 27, 2010 13:51

                   Душанбе, 27 января. (НИАТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Имрӯз, 27 январи соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо иштироки хабарнигорони ватаниву хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамраалиев оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2009 маълумот дода, иброз дошт, ки дар давоми соли 2009 корхонаҳои соҳаҳои индустриалӣ ба маблағи 6262 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 93,7 фоиз таъмин гаштааст. Дар соли сипаригардида ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бе нишондиҳандаҳои КВД «Ширкати Алюминий Тоҷик» 4013,6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2008 95,4 фоиз истеҳсол шудааст.                       Нисбат ба соли 2008 — ум ҳаҷми истеҳсолоти соҳаи металлургия 7,7 фоиз, кимиё ва нафту кимиё 52,7 фоиз, саноати озуқаворӣ 8,5 фоиз, саноати сабук 9,4 фоиз ва сохаи энергетика 2,5 фоиз коҳиш ёфтааст.                     Ф. Ҳамраалиев иттилоъ дод, ки камшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ асосан аз ҳисоби КВД «Ширкати Алюминий Тоҷик» 224,4 миллион сомонӣ, ШСХК «Барқи тоҷик» 32,9 миллион сомонӣ, КМ «Тоҷик Азот» 44,1 миллион сомонӣ, корхонаҳои соҳаи хӯрокворӣ 106,2 миллион сомонӣ ва соҳаи пахтатозакунӣ 71,1 миллион сомонӣ ба вуҷуд омадааст. Ба ҳолати якуми декабри соли 2009 аз 824 корхонаи саноатӣ, 258 корхона суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро коҳиш доданд ва 92 корхона умуман фаъолият накарданд.                     Гуфтанист, ки дар давоми соли 2009 суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 3,4 фоиз афзоиш ёфта, 20 миллиарду 622,8 миллион сомониро ташкил дод. Истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ нисбат ба соли 2008 ба маблағи 332 сомонӣ афзоиш ёфта, 2759,3 сомониро ташкил дод.  

Январь 27, 2010 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст