ДАР БОЗОРИ «КОРВОН» ҚОЧОҚЧӢ ДАСТГИР ШУД

Январь 8, 2010 15:31

                 Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 7 январи соли равон ду далели нигоҳдорӣ ва интиқоли фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифта шуд, хабар доданд аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ.                   Кормандони бахши мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори Вазорати корҳои дохилии ҶТ шаҳрванд Давлаталӣ Самадов соли таваллудаш 1983 сокини ноҳияи Ҷ. Румиро дастгир намуданд.                   Ҳангоми кофтукови шахсӣ дар дохили борхалтааш ба миқдори 2 кг 20 гр маводи нашъадори навъи бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд.                    Ҳамчунин кормандони бахши кофтукови ҷиноии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи И. Сомонӣ, дар бозори «Корвон» шаҳрванд Ҷамшед Комилов соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Кӯлобро дастгир намуданд, ки мазкур ба фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор машғул буд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз кисаи чапи куртааш маводи сахттаъсири героин, ки вазнаш 58 граммро ташкил медиҳад дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ кушода шуда тафтишот идома дорад. 

Январь 8, 2010 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд