ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ ФАКУЛТАИ ТИББӢ КУШОДА МЕШАВАД

Январь 20, 2010 09:52

                  Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — 19 январ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти он дар соли 2009 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Раиси донишгоҳ Нуриддин Саидов дар бораи бурду бохти ин мактаби калонтарини олии мамлакат сухан ронда, зикр кард, ки яке аз проблемаҳои асосии фаъолияти он набудани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ ба забони тоҷикӣ аз фанҳои биология, химия, фанҳои иқтисодӣ ва философия мебошад. Омӯзгорони донишгоҳ таҳияи дастурҳои таълимию методиро ба забони давлатӣ давом медиҳанд.                     Ба қавли раиси донишгоҳ проблемаи дигар мушкилоти такмили маҳорати касбии омӯзгорон дар мактабҳои олии мамлакатҳои дигар аст. Мо мехоҳем соли равон кормандон ва омӯзгорони донишгоҳро барои такмили ихтисос ба Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо» — и Русия ва Донишгоҳи давлатии Челябинск фиристем, — гуфт Н.Саидов.                    Баъдан нотиқ дар бораи комёбию дастовардҳои омӯзгорон ва олимони донишгоҳ сухан ронд. Қайд карда шуд, ки соли гузашта 846 омӯзгор ва олим дар иҷрои барномаҳои илмию таҳқиқотӣ ширкат варзиданд. Онҳо 49 мавзӯи илмӣ, 97 проблема ва 118 мавзӯъро мавриди таҳқиқ қарор доданд.                       Соли таҳсили оянда дар заминаи факултаи биология шӯъбаи дорушиносӣ ва баъдан факултаи тиббӣ кушода хоҳад шуд. Вобаста ба ин ҳамаи синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо ва кабинетҳои факулта бо таҷҳизоти нав таъмин карда мешаванд, зикр намуд Н.Саидов.

Январь 20, 2010 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд