ДАР ДУШАНБЕ НАМОЯНДАГИИ ДИПЛОМАТИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ КУШОДА ШУД
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дар шаҳри Душанбе намояндагии дипломатии давлати шоҳигарии Арабистони Саудӣ кушода шуд. Намояндагии дипломатии ин мамлакат айни ҳол дар меҳмонхонаи «Ҳаёт реҷенси» ҷой дода шудааст. Ба намояндагии дипломатӣ иҷрокунандаи вазифаи сафири Арабистони Саудӣ Абдураҳмон бини Саид Алҷумоҳ роҳбарӣ мекунад. Мухбири АМИТ «Ховар» зикр менамояд, ки солҳои охир муносибатҳо ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ торафт бештар густариш меёбад. Дар пойтахти Тоҷикистон кушода шудани намояндагии дипломатии Арабистони Саудӣ ба равнақу ривоҷи муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду мамлакат мусоидат хоҳад кард.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






