ДАР ДУШАНБЕ НАМОЯНДАГИИ ДИПЛОМАТИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ КУШОДА ШУД

Январь 27, 2010 15:35

                 Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дар шаҳри Душанбе намояндагии дипломатии давлати шоҳигарии Арабистони Саудӣ кушода шуд. Намояндагии дипломатии ин мамлакат айни ҳол дар меҳмонхонаи «Ҳаёт реҷенси» ҷой дода шудааст.                  Ба намояндагии дипломатӣ иҷрокунандаи вазифаи сафири Арабистони Саудӣ Абдураҳмон бини Саид Алҷумоҳ роҳбарӣ мекунад.                  Мухбири АМИТ «Ховар» зикр менамояд, ки солҳои охир муносибатҳо ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ торафт бештар густариш меёбад. Дар пойтахти Тоҷикистон кушода шудани намояндагии дипломатии Арабистони Саудӣ ба равнақу ривоҷи муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Январь 27, 2010 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад