ДАР ХАТЛОН РОҲИ ОҲАН САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМЕШАВАД

Январь 14, 2010 16:42

                    Душанбе, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ доданд, ки дар давоми 11 моҳи соли 2009 ҳаҷми боркашонии нақлиёти роҳи оҳан нисбат ба соли 2008 34,9 ҳазор тонна зиёд шуда, 13305,7 ҳазор тоннаро ташкил додааст.                     Бо иттилои ҳамин манбаъ, ҳаҷми боркашонӣ дар қитъаҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар давоми 11 моҳи соли 2009 чунин арзёбӣ шудааст: — дар ин муддат тавассути қитъаи роҳи оҳани вилояти Суғд 9901,7 ҳазор тонна ё 74,4 фоизи ҳаҷми умумии боркашонӣ иҷро шуда бошад, тавассути қитъаи роҳи оҳани Душанбе (якҷоя бо ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) – 2774,7 ҳазор тонна ё ба андозаи 20,9 фоиз ва дар қитъаи роҳи оҳани вилояти Хатлон – 629,3 ҳазор тонна ё 4,7 фоизи ҳаҷми умумии боркашонӣ иҷро гардидааст, ки он аз натиҷаи самаранок истифода нашудани роҳи оҳан дар ин минтақаи ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳад,- иброз доштанд дар шӯъбаи ҳамлу нақли боркашонӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».

Январь 14, 2010 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд