ДАР СОЛИ 2009 — 11 000 ТУРИСТ АЗ ТОҶИКИСТОН ДИДАН КАРДААСТ
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Солҳои охир соҳаи туризми Тоҷикистон дар чорабиниҳои бонуфузи байналхалқӣ фаъолона ширкат варзида истодааст. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, дар давраи соли 2009 Кумита тадбирҳои мақсаднокро баҳри беҳтар сохтани фазои ҳуқуқии фаъолият ва мавриди амал қарор додани сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм равона намудааст. Аз маълумотҳои омории мақомоти ҳифзи сарҳадот бармеояд, ки дар нӯҳмоҳаи ҳисоботӣ ба кишвар 269 000 шаҳрванди хориҷӣ ворид гаштааст. Аз ҳисоби зикршуда 145 000 онҳо бо мақсадҳои шахсӣ, 67 000 транзитӣ, 28 000 хизматӣ ва 11 000 нафар ҳамчун турист ба мамлакати мо сафар кардаанд. Нишондиҳандаҳо собит месозанд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба ҳайси турист ҷумҳурии моро бештар шаҳрвандони кишварҳои Эрон, Афғонистон, Россия, Амрико, Хитой, Туркия, Олмон, Ҷопон, Фаронса ва Кореяи Ҷанубӣ ташриф овардаанд. Дар маҷмӯъ, бо тариқи инфиродӣ ва муташаккилона намояндагони 60 мамлакати дунё аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун турист дидан намудаанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






