ДАР ВАНҶ БОЗ ЗАМИН ҶУНБИД

Январь 28, 2010 16:44

                   Ванҷ, 28 январ.(АМИТ «Ховар», Л.Додо) — Тавре навбатдори мақомоти маҳаллаи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ Салимҷон Сурхов ба АМИТ « Ховар» хабар дод, имрӯз соати 5-50 дақиқаи субҳ дар ноҳияи Ванҷ боз замин ҷунбид.                    Ба гуфтаи навбатдор, намояндагони корхонаи воҳиди коммуналии ҷумҳурӣ дар Сурхсангов-мавзеи кӯчи оилаҳое, ки аз зилзила хонавайрон шудаанд, ба кашидани хати об оғоз намуданд.Инчунин намояндагони Кумитаи геодезӣ ва заминсозӣ аз Сурхсангов дидан карда, корҳои марбутро сомон доданд. Дар ин ҷо инчунин идораи «Визривпром»-и вилоят ба кор оғоз намуд. Коргарони ин корхона сангҳоро шикаста, барои бунёди хонаҳо ҷойро васеъ ва барои девори хонаҳо сангро омода мекунанд.                    Ба гуфтаи сарчашма, Созмони Миллали Муттаҳид барои кишоварзони ноҳияи Ванҷ 300 тонна картошка ва 100 тонна ғалларо барои тухмӣ фиристодааст ва ин тухмӣ аллакай вориди Ванҷ гардидааст.

Январь 28, 2010 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд