ДАР ВАНҶ БОЗ ЗАМИН ҶУНБИД
Ванҷ, 28 январ.(АМИТ «Ховар», Л.Додо) — Тавре навбатдори мақомоти маҳаллаи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ Салимҷон Сурхов ба АМИТ « Ховар» хабар дод, имрӯз соати 5-50 дақиқаи субҳ дар ноҳияи Ванҷ боз замин ҷунбид. Ба гуфтаи навбатдор, намояндагони корхонаи воҳиди коммуналии ҷумҳурӣ дар Сурхсангов-мавзеи кӯчи оилаҳое, ки аз зилзила хонавайрон шудаанд, ба кашидани хати об оғоз намуданд.Инчунин намояндагони Кумитаи геодезӣ ва заминсозӣ аз Сурхсангов дидан карда, корҳои марбутро сомон доданд. Дар ин ҷо инчунин идораи «Визривпром»-и вилоят ба кор оғоз намуд. Коргарони ин корхона сангҳоро шикаста, барои бунёди хонаҳо ҷойро васеъ ва барои девори хонаҳо сангро омода мекунанд. Ба гуфтаи сарчашма, Созмони Миллали Муттаҳид барои кишоварзони ноҳияи Ванҷ 300 тонна картошка ва 100 тонна ғалларо барои тухмӣ фиристодааст ва ин тухмӣ аллакай вориди Ванҷ гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






