ДАРОМАДИ «АМОНАТБОНК» МЕАФЗОЯД
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раиси Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Маҳмадамин Маҳмадаминов 14 январ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки маблағи дороии умумии бонк то 1 январи соли 2010 – ум 112,2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 — ум 5,4 фоиз зиёд мебошад. Ба қавли раиси бонк, соли гузашта аз ҷониби вазорати молияи ҷумҳурӣ маблағи дороии ибтидоии бонк ба маблағи 4 миллион сомонӣ зиёд карда шуд. Маблағи дар муомилот будаи бонк соли 2009 нисбат ба соли 2008 — ум 35,3 фоиз афзуда, то 1 январи соли 2010 — ум 650,5 миллион сомониро ташкил дод. Маблағи даромади софи бонк то 1 январи соли 2010 ба 6,2 миллион сомонӣ расид. М.Маҳмадаминов афзуд, ки «Амонатбонк» айни ҳол ба 3 ҳазору 962 муассисаи буҷетӣ, 519 ҳазору 413 нафақахӯр дар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, 16 ҳазору 480 нафақахӯр дар мақомоти муҳофизи қонун ва 79 ҳазор мизоҷони худ хизмат мерасонад. Айни ҳол дар минтақаҳои гуногуни мамлакат 5 филиал, 70 шӯъба ва 506 агентии «Амонатбонк» фаъолият доранд, ки дар онҳо 592 нафар кор мекунад, гуфт дар хотима М.Маҳмадаминов.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






