ДАСТОВАРДҲОИ ДОНИШГОҲИ ТИББӢ ДАР СОЛИ 2009

Январь 23, 2010 11:46

                  Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, доктори илми тиб, профессор Убайдулло Қурбонов 22 январ дар ҷараёни нишасти матбуотии бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар соли 2009 изҳор намуд, ки бо ташаббуси роҳбарияти ин мактаби олӣ соли гузашта дар фаъолияти он дигаргуниҳои муҳим ба амал омаданд. Онҳо ба беҳтар гардидани фаъолияти донишгоҳ, сифати таълим ва дараҷаи донишомӯзии донишҷӯён мусоидат мекунанд.                 Аз ҷумла, соли гузашта дар донишгоҳ шӯъбаҳои нави тарҷумаи китобҳои дарсӣ ва адабиёти соҳавӣ ба забони давлатӣ, такмили маҳорати кормандону омӯзгорони донишгоҳ ва маркази ташхису табобат кушода шуданд.                  У.Қурбонов зикр кард, ки айни ҳол дар донишгоҳ 5886 донишҷӯ таҳсил мекунад. Аз ин ҷумла 3862 нафар дар гурӯҳҳои буҷетӣ ва 2024 нафар дар гурӯҳҳои шартномавӣ машғулият мегузаронанд. Таҳсил дар донишгоҳ бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Маблағи буҷети донишгоҳ дар соли 2009 – ум 17 миллиону 940 ҳазору 480 сомонӣ буд, ки нисбат ба соли 2008 – ум 36 фоиз зиёд аст. Бо роҳи самарабахш истифода бурдани буҷет заминаи моддию техникии ҳамаи факултаҳои донишгоҳ мустаҳкам карда шуд.                    Донишҷӯён имрӯз аз 650 компютер истифода мебаранд. Соли гузашта ҳамаи кафедраҳо бо дастурамалҳои методию аёнӣ, асбобу анҷоми физикию тиббӣ, доруҳои химиявӣ таъмин намуда, барои тармими синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо, толорҳои варзишӣ, хобгоҳҳо, ошхонаҳо, сабзу хуррам гардонидани гирду атрофи биноҳои таълимӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.                     Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки моҳи ноябри соли 2009 — ум 70 – солагии ташкили ДДМТ ҷашн гирифта шуд.  

Январь 23, 2010 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд