ДАЪВАТИ РАСОНДАНИ КӮМАК БА ЗАРАРДИДАГОНИ ЗИЛЗИЛА

Январь 12, 2010 10:45

                   Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба зилзилаи 2 январ дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ рухдода ба ҳамаи созмонҳои байналхалқию минтақавӣ ва гуманитарӣ муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш намуд, ки ба зарардидагон то ҳадди имкон кӯмаки таъҷилӣ расонанд.                    Дар муроҷиатномаи вазорат дар бораи вазъияти ноҳияи Ванҷ баъди фалокат маълумоти муфассал дода мешавад. Аз ҷумла, қайд карда мешавад, ки ҳукумати мамлакат барои расондани кӯмак ба аҳолӣ, барқарор сохтани биноҳои харобгардида, тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бо вуҷуди ин расондани кӯмак ба зарардидагон вобаста ба дури роҳ ва ҳавои сарди зимистон ниҳоят душвор гардидааст. Дар маҳалли фалокат масолеҳи бинокорӣ, конструксияҳои оҳану бетон, сӯзишворӣ, маводи озуқа, дору, печка ва генераторҳои барқӣ намерасанд. Дар робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии ҷумҳурӣ низ мамлакатҳои минтақаро даъват намуд, ки ба зарардидагон кӯмаки таъҷилӣ расонанд.                      Дар муроҷиатномаи ВКХ Тоҷикистон ба созмонҳои байналхалқии гуманитарӣ изҳори сипос карда мешаванд, ки аз рӯзҳои аввал сар карда, барои аҳолии зарардидаи ноҳияи Ванҷ асбобу анҷоми заруртарини рӯзгор ва маводи озуқа ҷудо карданд.                     Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти вазъияти ба амаломада ҳамаи созмонҳои байналхалқию минтақавии гуманитариро даъват менамояд, ки бо истифода аз захираҳои мавҷуда ба зарардидагони зилзила кӯмак расонанд.                      Барои расондани кӯмак ба зарардидагон дар Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» суратҳисобҳои махсус бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ кушода шуданд. 

Январь 12, 2010 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд