ДДТТ МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТИРО БО КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОС ТАЪМИН МЕКУНАД

Январь 25, 2010 11:52

                   Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти донишгоҳ ин таъмин намудани эҳтиёҷоти муассисаҳои тандурустии мамлакат бо кадрҳои баландихтисоси тиббӣ мебошад, қайд гардид дар нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино.                        Инчунин, қайд намуданд, ки дар ин самт проблемаи то ба ҷои кор рафта расидани хатмкардагони донишгоҳ яке аз масъалаҳои ҳалталаб мебошад. Раёсати донишгоҳ дар ин ҷода бо Вазорати тандурустӣ ҳамкори менамояд. Таҳлилҳои муқоисавӣ нишон медиҳанд, ки нишондоди то ба ҷои кор рафта расидани хатмкардагони донишгоҳ аз 21,2% (соли 2001) то 62,1% (соли 2009) афзоиш ёфтааст.                       Яке аз сабабҳои беҳтар шудани нишондиҳандаи то ба ҷои кор ҳозир гаштани хатмкунандагон ин беҳтар гардидани шароити иҷтимоиву иқтисодӣ дар маҳалҳо бошад, сабаби дигараш соли охир ба хатмкунандагон роҳхат барои ҷои кор дода мешавад ва танҳо баъди аз сардухтури беморхонаҳои марказии ноҳиявӣ ё вилоятӣ тасдиқнома оид ба таъмин шудан бо ҷои кор ба ҷои равонкардашуда овардан ба мутахассиси ҷавон диплом дода мешавад.                        Ҳалли ин масъала аз бисёр ҷиҳат аз дахолати мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ вобаста мебошад, зеро бо роҳҳои гуногун ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавон дар ин самт нақши муҳимеро мебозад.  

Январь 25, 2010 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд