ДИРЕКТОРИ ГОВҶИГАР

Январь 5, 2010 11:48

                  Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, директории ҶДММ «Строител — 1» Азиз Носиров 24 – уми декабри соли 2007 бо Маркази ҷумҳуриявии биотехниологияи чорвои Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани таҷҳизоти истеҳсолкунандаи азоти моеъ ба маблағи умумии 135 ҳазор сомонӣ шартнома ба имзо расонидааст. Азиз Носиров Маблағи номбурдаро, ки ба суратҳисоби ҶДММ «Строител — 1» пардохт карда шуда буд аз ҶСК «Агроинвестбонк» — и ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе ба таври нақдӣ гирифта, бо роҳи тасарруф намудан азонихуд мекунад.                    Дар натиҷаи аз тарафи кормандони Агентӣ бурдани корҳои оперативӣ ин ҷиноят ошкор гардид.                    Дар ҳаракатҳои А. Носиров аломатҳои ҷиноятии дар моддаи 245 қ.4 (азхудкунӣ ё исрофкорӣ) – и КҶҶТ пешбинишуда дида мешавад, ки он бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 8 то 12 солро пешбинӣ мекунад.                  Акнун тақдири директори «говҷигар» бо чӣ анҷом меёбад, инро баъд аз тафтишот суд муайян мекунад. 

Январь 5, 2010 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд