ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИКИ ТУРКИЯ МУРОҶИАТНОМА ҚАБУЛ КАРДАНД

Январь 8, 2010 11:16

                   Анкара, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова). — Шумораи навбатии маҷаллаи донишҷӯёни тоҷик, ки дар Туркия таҳсил мекунанд, бо номи «Ватан» аз чоп баромад.                   Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, маҷалла мақолаҳои ҷолиб ва хонданиро дар мавзӯҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дар бар гирифтааст.                   «Саҳифаҳои асосии маҷалла ба мавзӯи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, иштироки ҳамаи ҳамватанон, аз ҷумла донишҷӯёни дар кишвари Туркия таҳсилкунанда дар ин иншоооти миллӣ бахшида шудааст, — қайд кардан дар Сафорати мамлакат.- Боиси хушнудист, ки донишҷӯёни аз Ватан дур, бо ҳисси ватандӯстӣ аз номи Шӯрои донишҷӯёни Тоҷикистон дар Туркия, ба тамоми донишҷӯён, соҳибкорон, шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Туркия муроҷиат карда, даъват карданд, ки дар бунёди ин иншооти муҳими умумихалқӣ саҳми худро гузоранд». Дар муроҷиатнома ҳамчунин гуфта мешавад, ки НБО Роғун ба қувва ва мутахассисони ҷавоне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ниёз дорад.                    Дар шумораи навбатии маҷалла мақолаҳои донишҷӯён, доир ба 15 солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи парчами миллӣ дарҷ шудаанд. Ҳамчунин, маводҳои ҷолиб дар гӯшаҳои «Сиёсат ва иқтисодиёт», «Ҳаёти донишҷӯён», «Ҳаёти илмӣ ва фарҳангӣ», «Таҳқиқоти донишҷӯён» пешкаши хонандагон карда шудаанд.                     Ёдовар мешавем, ки маҷаллаи «Ватан» аз соли 2000 бо чор забон тоҷикӣ, туркӣ, англисӣ ва русӣ чоп мешавад. Хоҳишмандон ва мухлисон метавонанд, дар сайти интернетии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара ба таври муфассал шинос шаванд.

Январь 8, 2010 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд