ФАЪОЛИЯТИ САМАРАБАХШИ КОРХОНАҲОИ ВАЗОРАТ

Январь 22, 2010 17:31

                  Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат ва корхонаю муассисаҳои тобеи он дар соли 2009 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.                     Вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ ба журналистон хабар дод, ки соли гузашта аз 824 корхонаи соҳа 474 корхона истеҳсоли маҳсулотро зиёд карданд, 92 корхона бо сабабҳои гуногун аз кор монданд ва 258 корхона аз ӯҳдаи иҷрои нақшаҳои пешбинишуда набаромаданд.                     Вазир зикр кард, ки соли гузашта дар мамлакат истеҳсоли тилло то андозае кам шуд. Яке аз сабабҳои кам шудани истеҳсоли тилло муддати тӯлонӣ тармиму таҷдид кардани корхонаи муштараки тиллои «Зарафшон» мебошад.                      Г.Шералӣ дар ҷавоби саволи журналистон дар масъалаи ворид гардидани гази табиӣ аз хориҷа ба қаламрави Тоҷикистон ҷавоб дода гуфт, ки айни ҳол Тоҷикистон ҳазор метри мукааб газро аз Ӯзбекистон бо қимати 231 доллари ИМА мехарад. Ҳар рӯз Тоҷикистон аз Ӯзбекистон 17- 18 ҳазор метри мукааб газ мегирад. Гази табиӣ пеш аз ҳама ба баъзе корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла Ширкати саҳҳомии «Корхонаи алюминии Тоҷикистон», Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиксемент» ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе дода мешавад. Гази табиӣ ба аҳолӣ аз рӯи имкониятҳои мавҷуда дода мешавад, гуфт вазир.                       Қайд карда шуд, ки айни ҳол сохтмони НБО «Роғун» босуръат давом дорад. Ҳоло дар ин ҷо бештар аз 6000 коргару мутахассис ва зиёда аз 700 навъу намуди техника кор мекунанд. Дар Роғун сохтмони ду туннел ва ҳуҷраҳои трансформаторӣ давом дорад. Комиссияи махсус рӯзи бастани дарёи Вахшро муайян менамояд.                        Корхонаҳои соҳа соли гузашта ба маблағи 6 миллиарду 262 миллион сомонӣ маҳсулот бароварданд.                          Вазорат бо корхонаю муассисаҳои гуногуни саноатию энергетикии мамлакатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ мекунад. Аз ҷумла, бо кӯмаки мутахассисони Куриёи ҷанубӣ дар маҳалҳои Тоҷикистон, ки суръати вазиши шамол аз 5 метр дар як сония зиёд аст, нерӯгоҳҳои барқии шамолӣ сохта мешаванд. Мо инчунин бо ширкатҳои хориҷӣ дар бобати сохтмони иншоотҳои энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ҳамкорӣ мекунем, гуфт дар хотима Гул Шералӣ. 

Январь 22, 2010 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд