ГАРМИИ ЯНВАР БОИСИ ТАШВИШИ БОҒДОРОН

Январь 5, 2010 11:52

                    Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Рӯзҳои гарми моҳи январи соли ҷорӣ боиси ташвиши боғдорону кишоварзон гардидааст. Имрӯзҳо дар минтақаҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб ва водии Ҳисор бо вуҷуди зимистон буданаш ҳавои гарми офтобӣ ҳукумфармоӣ дорад. Гарм омадани моҳи январ барои хоҷагиҳое, ки киштро анҷом надодаанд хуб ва барои онҳое, ки ба боғдорӣ машғуланд, ташвишовар маҳсуб меёбад.                    Чанд соли охир ҳис карда мешавад, ки боду ҳаво тагйир ёфтааст, — мегӯяд сокини ноҳияи Шаҳритус деҳқони асил Авғон Кавгов.Мардуми минтақаҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб аз гарм омадани моҳи январ чандон хушоянд нестанд, зеро борҳо шудааст, ки меваю сабзавот ва зироаташон дар чунин шароит талаф ёфтааст.                    — Ман гармшавии ҳавои атмосфераро як даҳсола пештар ҳис кардам ва ҳақ ба ҷониби онҳоест, ки давлатҳои аз стансияҳои энергетикӣ — аловӣ истифодабарандаро сабаби гармшавии ҳавои атмосфера медонанд, — мегӯяд раиси ноҳияи Восеъ Султон Валиев. -Моро зарур аст, ки ҳаётро бо табиат мувофиқ намоем, олимон бояд дар ин бора бештар фикр кунанд ва тавсияю хулосахои илмӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ пешниҳод намоянд, инсон аз ҳар мушкилоте, ки пайдо мешавад, баромада метавонад, бо гарм омадани ҳаво мо бояд ба парвариши меваҳои ситрусӣ машғул шавем, ки он ҳам дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёд дорад ва аз пахта бештар фоида оварда метавонад, аммо январ — январ аст, ҳар лаҳза метавонад дар ин моҳ ҳаво сард шавад ва барфи зиёд ҳам борад, ин набояд боиси ташвиш бошад, — афзуд раис дар сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар».

Январь 5, 2010 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд