ХАТИ БАРҚИ МУСТАҚИЛИ ХУҶАНД-МАСТЧОҲ

Январь 28, 2010 15:53

                 Суғд.28 январ. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Бо супориши Сарвари давлат сохтмони хати барқи мустақили Хуҷанд-Мастчоҳ, ки ноҳияи Мастчоҳро бо системаи воҳиди энергетики мамлакат мепайвандад, оғоз шудааст.                    Лоиҳа-схемаи бунёди ин хати барқи мустақил аз ҷониби институти лоиҳакашии «Тоҷикгидропроект» тайёр шуда, хати барқи 220 ва 110 киловаттаи Хуҷанд-Мастчоҳро ширкати «Барқсоз» ва зеристгоҳи онро дар мавзеи Дилварзин – 3 идораи «Тоҷикгидроэнергомонтаж» бунёд менамоянд.                    Аз ҷониби гурӯхи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба идораҳои марбута супориш дода шуд, ки корро дар ду самт ташкил карда, шинондани такягоҳҳои металлӣ дар ҳудуди заминҳои кишоварзӣ дар навбати аввал анҷом дода шавад, мошину механизмҳо ва қувваи кории иловагӣ ба кор сафарбар гардад. Ин имкон медиҳад, ки дар мӯҳлати пешбинишуда – то 15 марти соли равон ин хати барқи мустақил ба ноҳияи Мастчоҳ сохта ба истифода дода шавад.

Январь 28, 2010 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд